Дар бораи барнома
Ин барнома барои кор бо системаҳои ҳисоб пешбинӣ шудааст. Агар шумо донишҷӯ, барномасоз ё танҳо ба олами ададҳо ҳавасманд бошед — ин барнома барои шумо дастури муфид хоҳад буд. Бо ёрии барнома шумо метавонед донишҳои гуногун оид ба системаҳои ҳисоб гиред, ҳисоб кунед ва табдилҳои лозимиро иҷро намоед.
Табдилдиҳанда
Бо ёрии ин қисмат шумо метавонед ададҳоро аз ҳар системаи ҳисоб аз 2 то 36 ба системаи дигар осон ва дақиқ табдил диҳед. На танҳо ададҳои бутун, балки касрӣ ва манфӣ низ пурра дастгирӣ мешаванд. Раванди табдил на танҳо натиҷа медиҳад, балки ҳар қадамро равшан шарҳ медиҳад, ки ба шумо имконият медиҳад мантиқи равандро бифаҳмед. Натиҷаҳо дақиқ ва боэътимоданд, шумо метавонед онҳоро дар таълим, барномасозӣ, математика ё ҳисобҳои ҳаррӯза истифода баред. Интерфейси қулай ва шарҳҳо ба шумо имкон медиҳанд, ки ба ҷои азёд кардани табдилҳои мураккаб, онҳоро дар вақти воқеӣ дарк ва амалӣ намоед.
Ҳисобкунак
Ин қисмат ҳамаи имкониятҳои ҳисобкунаки стандартии оддиро пешниҳод мекунад, аммо бо як фарқият: шумо метавонед ҳар системаи ҳисобро аз асос 2 то 36 интихоб кунед. Ҳамаи амалҳои арифметикӣ — ҷамъ, тарҳ, зарб, тақсим ва дигар ҳисобҳо — дар системаи ҳисоби интихобшуда иҷро мешаванд. Ин ба шумо имкон медиҳад на танҳо натиҷа гиред, балки мантиқи ҳисобро дар ҳамон системаи ҳисоб амалан бубинед. Ҳисобкунак ададҳои бутун, касрӣ ва манфиро дастгирӣ мекунад.
Мақолаҳо
Дар бахши мақолаҳо шумо метавонед мавзӯъҳои гуногунеро, ки ба системаҳои ҳисоб марбутанд, хонед. Дар ин ҷо аз маълумоти таърихӣ то истифодаи он дар барномасозии муосир мақолаҳои ҷолиб ҷамъоварӣ шудаанд. Ҳар як мақола бо забони равшан ва фаҳмо навишта шуда, бо мисолҳои амалӣ ғанӣ гардонида шудааст. Мақолаҳои нав пайваста илова мешаванд.
Мубодила кардан
Агар барномаро муфид шуморед, онро бо дигарон низ мубодила кунед. Бо ёрии ин барнома на танҳо шумо, балки дӯстон, ҳамкурсон ва ҳамкорони атрофатон низ метавонанд системаҳои ҳисобро омӯзанд ва донишашонро ғанӣ гардонанд. Барнома бо интерфейси оддӣ ва шарҳҳои фаҳмо мавзӯи мураккабро ба шакли фаҳмо мерасонад. Хусусан барои донишҷӯён манбаи иловагии хуб ва барои барномасозон абзори муфид аст. Ҳисобкунӣ, табдил, омӯзиш ва навиштани код — ҳама дар як ҷо ҷамъ шудаанд.
Бо мо тамос гиред
- Савол ё пешниҳод доред?
- Барои илова кардан ба барнома пешниҳоде доред ё чизеро нофаҳмо меҳисобед?
- Мехоҳед мақола дар мавзӯе илова кунед ё илова карданро зарур мешуморед?
- Эътироз ё шикоят доред?
- Агар дар кори барнома ё дар мазмуни паёмҳо хатогӣ ё нофаҳмӣ бошад
- Ҳам барои саволҳои марбут ба барнома ва ҳам берун аз он